доштан

доштан
[داشتن]
1. доро (молик, соҳиб) будан ба чизе, дар тасарруфи касе будани чизе: хона доштан, чанд писар доштан, чанд сар гӯсфанд доштан, қурб доштан, ёри меҳрубон доштан, адоват доштан, қобилият доштан, қувват доштан, ҳунар доштан; даромад доштан дахл (оидот) доштан; фоида гирифтан, навъ ба даст омадан; савод доштан босавод будан, саводнок будан
2. гирифтан, қапидан: аз доманам дошт, аз гиребонаш дошт
3. сайд кардан, ба даст даровардан: бедона доштан, моҳӣ доштан
4. дастгир намудан, банд кардан
5. аз ҳаракат боздоштан (аспро, мошинро)
6. нигоҳ доштан, ҳифз кардан
7. гуфт. ба кор бурдан, истифода бурдан (мас., чизу чораи хона ва асбоби рӯзгорро)
8. чун феъли ёридиҳанда таркибҳои гуногуни феълӣ месозад: бозӣ доштан, гап доштан, нигоҳ доштан, ном доштан, фоида доштан, чашм доштан, ҳад доштан, ҳақ доштан, ҷой доштан…
9. ҳамчун феъли ёридиҳанда бо масдарҳо омада, феъле месозад, ки муродифи замони ҳозира ва гузашта мебошад: шукуфтан дорад, сабзидан дошт…; масхара доштан масхара пиндоштан, масхара ҳисобидан; худро доштан худдорӣ кардан; қимат доштан арзидан, арзиш доштан, баҳо доштан; баҳо надоштан бебаҳо будан, гаронбаҳо будан; ёд доштан… дар хотир доштан…; то ҷон доштан то зинда будан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужна курсовая?

Смотреть что такое "доштан" в других словарях:

  • доштанӣ — [داشتني] сифати феълии замони оянда аз доштан; шоистаи доштан ва нигаҳдорӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дил — [دل] 1. узви марказии низоми гардиши хуни одам ва ҳайвон, ки ҳаракати хунро идора мекунад, қалб; дили бемор дили касал, дили дардманд 2. маҷ. марказ, васат, миён, дарун: дили мамлакат, дили кӯҳ; дили санг мағзи санг, миёни санг; дили шаб ними шаб …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чашм — [چشم] 1. узви биниш дар инсон ва ҳайвон; чашм(он)и бодомӣ чашми бодомшакл; чашми тар дидаи гирён; чашми тира чашми камнур ва хира; чашм(он)и мешӣ чашмони калон калони сиёҳ; чашмони шаҳло чашми сиёҳи моил ба кабудӣ, ки бисёр зебо ҳисоб меёбад; ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ёд — [ياد] 1. хотир, ҳофиза 2. ба хотир овардан, ёд кардан 3. ёдбуд, хотира; ёди касро кардан, ба некӣ ба ёд овардани касе 4. маҷ. орзу; хаёл, ба ёди рӯи (касе); ёд гирифтан а) омӯхтан, аз худ кардан, фаро гирифтан, таълим гирифтан; б) дарк кардан,… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • майл — [ميل] а 1. хамиш, андаке ба сӯе хам шудан, тамоюл 2. хоҳиш, рағбат, ҳавас; ба майли худ ба ихтиёри худ; аз пеши худ; бо майли тамом // бо камоли майл бо рағбати тамом, бо шавқу ҳаваси зиёд; бо майли хотир а) бо рағбати тамом, бо иштиёқ; б) бо… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • умед — [اميد] 1. чашмдошт, интизор, таваққӯъ, омол 2. эътимод, боварӣ; ба (бо) умеди … а) бо орзуи…, бо таваққуи…; б) бо нияти…, бо мақсади…; бо биму умед // бо тарсу умед дар ҳолате ки аз як тараф, тарсу хавф таҳдид кунад ва аз тарафи дигар, умеди… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • даст — [دست] 1. узви бадани инсон аз шона то нӯги ангуштон; каф ва панҷаи даст, яд 2. маҷ. ҷавр, бедод, тааддӣ: аз дасти замона 3. сӯй, тараф, ҷониб: дасти рост, дасти чап 4. дафъа, карат, бор; навбат (дар қиморбозӣ) 5. нум. маҷмӯи чизҳои якҷинса, ки… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • камӣ — [کمي] 1. кам будани чизе; муқоб. зиёдӣ, бисёрӣ: камии об 2. камбудӣ, нуқсон; камӣ доштан а) нуқсон доштан, норасоӣ доштан; б) эҳтиёҷ доштан; камӣ кардан нарасидан, кам будан, басанда ва кофӣ набудан; камӣ кашидан камбуд доштан, эҳтиёҷ доштан; дар …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • кор — I [کار] 1. асоси замони ҳозира аз коштан, киштан ва коридан 2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маъноҳои коранда ва кишткунанда: ғаллакор, пахтакор, риёкор, хилофкор… II [کار] 1. амалиёти табдил ёфтани як шакли энергия ба шакли дигар, амал 2.… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • намак — [نمک] 1. моддаи сафеди булӯрии шӯртамъ, ки аз оби дарёҳо ва ё аз конҳо бароварда мешавад ва ба хӯрок меандозанд: намаки ошӣ, кони намак, намак андохтан; намак задан // намак кардан намак пошидан; намак андохттан, намаки чизеро дидан (чашидан)… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»